БК2.
Таҳкими нерӯи инсонӣ - Кормандони шӯъбаи муносибатҳои байналмилалӣ

Ҳадафи БК2. аз он иборат аст, ки кормандони шӯъбаи робитаҳои байналмилалии (ШРБ) донишгоҳҳои КШ (ҳамоҳангсозони техникӣ ва кормандони маъмурӣ) бо таҷрибаҳои идоракунӣ, малакаҳои махсус ва воситаҳои гуногун дар бораи як қатор мавзӯҳои марбут ба самаранок идоракунии ШРБ, ҳамзамон оид ба таҳияи хизматрасонӣ ва сиёсати робитаҳои байналмилалӣ ва ҳамкории байналмилалӣ шинос карда мешаванд. Ба даст овардани ин натиҷаҳо тавассути омӯзиши мушаххас аз ҷониби коршиносон аз донишгоҳҳои Иттиҳоди Аврупо, ки дар лоиҳа иштирок мекунанд, омода ва дастрас карда мешавад. Ҳар яке аз 4 модулҳои таълимӣ бо назардошти ниёзҳои мактабҳои олии КШ ва таҷрибаи ҳамшарикони Иттиҳоди Аврупо ва инчунин бо назардошти хусусиятҳои байнифарҳангӣ бодиққат омода карда мешаванд. Модулҳои омӯзишӣ тавре таҳия карда мешаванд, ки интишори маводҳо имконпазир бошанд. (Усули омӯзиши тренерҳо). 

Давраи омӯзишӣ дар тӯли соли якум марҳила ба марҳила гузаронида шуда, пас аз он машқҳои амалӣ, аз ҷумла семинар дар бораи идоракунии Мубодилаи байналмилалии барои таълим ва тадқиқот (аз ҷониби INCOMA) гузаронида мешавад. Пас аз тренингҳои назариявӣ, иштирокчиён метавонанд аз рӯи барномаи мубодилаи кӯтоҳмуддати омӯзишӣ дар донишгоҳҳои Иттиҳоди Аврупо барои санҷиши дониши андӯхтаашон, сафар кунанд.

БК бо таҳияи Дастур оид ба ташкил ва идоракунии сохторҳои робитаҳои байналмилалӣ анҷом меёбад. Маводи мазкур шакли амалӣ хоҳад дошт ва дар семинарҳо ва конфронсҳои мухталиф дар сатҳи миллӣ дар ҳар як КШ барои паҳн кардани он ва вусъат додани таъсири лоиҳа истифода бурда мешавад.

БК1.
Сиёсат ва банақшагирии стратегӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар МТОК

Ҳадафи ин бастаи корӣ аз таъмин кардани муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои шарик (КШ) бо таҷрибаи устувори стратегӣ дар таҳия ва амалисозии сиёсати ҳамоҳангшудаи байналмилалӣ оид ба байналмилалигардонӣ марбут ба ҳамкориҳои байниминтақавӣ ва интиқоли дониш аз ҷиҳати таълим, омӯзиш ва тадқиқот иборат аст. Натиҷаи асосии БК1. муайян, ислоҳ ва мутобиқ кардани нақшаҳои стратегии байналмилалигардонӣ (НСБ) дар донишгоҳҳои КШ ҷалбшуда, бо назардошти эҳтиёҷоти онҳо ва заминаи маҳаллӣ, потенсиал ва ҳадафҳои байналмилалигардонӣ, муайян кардани нишондиҳандаҳои муваффақият ва чораҳои ислоҳӣ мебошад.

Мутобиқсозии Нақшаҳои стратегии байналмилалигардонӣ (НСБ) ва ҳамкории байниминтақавӣ тавассути раванди муқаррарӣ, ки дар ҳар як муассисаи олии КШ амалӣ карда мешавад. Раванди мазкур аз чунин фаъолиятҳо иборат аст: муаррифии чорабиниҳо ва стратегияҳои аз ҷониби шарикон аз Иттиҳоди Аврупо татбиқшаванда, шарҳҳо дар бораи раванди рушд ва методологияи он, инчунин дарсдиҳи аз ҷониби коршиносони Иттиҳоди Аврупо дар бораи таҳияи ин ҳуҷҷати стратегӣ.

Гурӯҳи мақсадноки ҳадафи БК1. кормандони роҳбарикунанда оид ба робитаҳои байналмилалӣ (РБ) ва ҳамкории байналмилалӣ (ҲБ) дар донишгоҳҳои ҷалбшуда ва инчунин кормандони масъули идоракунии шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ (ҳамоҳангсозони техникӣ ва кормандони маъмурӣ) мебошанд, ин он имкон медиҳад, ки раванди мутобиқгардонии НСБ дуруст ба роҳ монда мешавад: ки иштироки аҳли кормандони донишгоҳҳоро (аз ҷумла донишҷӯён, омӯзгорон ва кормандони маъмуриро) тавассути машварати сохторӣ тақвият хоҳад дод. Татбиқи БК1. дар аввали лоиҳа оғоз меёбад ва ба охир расидани он то соли сеюми лоиҳа (С3), бо мақсади ба назар гирифтани натиҷаҳои дигар БК (тренингҳо, чорабиниҳои муқоисавӣ) ва фароҳам овардани шароит барои азназаргузаронии НСБ ва тасҳеҳоти эҳтимолӣ, давом меёбад . Ҳангоме ки НСБ-и инфиродии ҳар як мактаби олии КШ метавонад махфӣ боқӣ монад, чаҳорчӯбаи умумии татбиқшаванда, модел ва методологияи эҷоди НСБ дар ҳар 3 КШ барои ҳар як мактаби олӣ, ки бояд мавриди истифода қарор гиранд, дар сатҳи миллӣ дастрас карда шаванд ва тавассути фаъолиятҳои шабакавӣ ва паҳнкунӣ ба мактабҳои олӣ, ки бевосита дар лоиҳа иштирок намекунанд, пешниҳод карда мешаванд.

БК3.
Инкишофи иқтидор барои ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи таълим / омӯзиш / тадқиқот (T / О / Т)

Ҳадафи БК мусоидат ба байналмилалигардонии таълим / омӯзиш / тадқиқот ва таъкид кардани бартариҳои кушода будани донишгоҳҳо барои ҳамкориҳои байниминтақавӣ ва интиқоли дониш дар доираи лоиҳаи UNICAC, ки ҷанбаҳои муҳими ҳаёти донишгоҳҳо мебошад. Чорабиниҳои калидии пешбинишуда дар давоми соли 2-юми лоиҳа пас аз ба итмом расонидани таҳкими нерӯи инсонӣ дар доираи БК2 амалӣ хоҳад шуд. Банди кории мазкур тавре ба нақша гирифта шудааст, ки дар самти мусбӣ ва амалӣ наздик кардани он, ҳамкории пилотӣ ва омӯзиш аз ҷониби шарикони Иттиҳоди Аврупо дар солҳои 2 ва 3 ба нақша гирифтаем.

Дар таҷрибаи мо, роҳи беҳтарини нишон додани кор ин тавассути бенчмаркинг ва як қатор семинарҳои пешрафта мебошад, ки дар онҳо шарикон аз Иттиҳоди Аврупо таҷрибаи худро оид ба таъсири мусбии ҳамкориҳои байналмилалӣ ба муассисаҳои худ, ки боиси муайян намудани таҷрибаҳои беҳтарин ва баъдан дар таҳияи тавсияҳои миллӣ истифода бурда шудааст.

Дар ҳар як кишвар ду семинар баргузор хоҳад шуд: яке оид ба баланд бардоштани стандартҳо дар таълим ва омӯзиш тавассути байналмилалигардонӣ ва дигараш ба баланд бардоштани тадқиқот тавассути ҳамкориҳои байналмилалӣ бахшида шудааст. Мутахассисон аз Иттиҳоди Аврупо барои омӯзишҳои пешбинишуда байни донишгоҳҳои КШ ротатсия карда мешаванд. Донишҷӯён ва донишҷӯёни маҳаллӣ, яъне намояндагони донишгоҳҳои КШ ва донишгоҳҳои сеюм аз КШ, ки дар лоиҳа иштирок доранд, ҷалб карда мешаванд. Натиҷаҳои ниҳоӣ таҳияи Дастурамали таҷрибаи пешқадам (пойгоҳи донишҳои имконпазир) ва таҳияи тавсияҳои миллӣ (харитаи корӣ, ки дар ҳар як кишвар зарур аст) ва тавсияҳои минтақавӣ мебошанд. Бо мақсади ворид намудани тағиротҳои зарурӣ дар системаи таҳсилот олии кишварҳои шарик (КШ) тавсияҳои миллӣ таҳия карда мешаванд.

Ниҳоят, КБ ҳамкориҳои пилотиро пешбинӣ менамояд, ки дар он донишгоҳҳои Иттиҳоди Аврупо муштарак донишҷӯёни докторантҳоро (тариқи виртуалӣ) роҳбарӣ менамояд ва донишҷӯёну устодони донишгоҳҳо 1-2 ҳафта дар дигар донишгоҳҳо мубодила карда мешаванд. Лоиҳаи пилотӣ ҳам сафарбаркунии байниминтақавӣ ва ҳам байналмилалиро дар бар мегирад ва ба Консортсиум имкон медиҳад, ки амалишавии ҳамкориҳои муайяншударо санҷад. Воқеан, чаҳорчӯбаи ҳамкории UNICAC ба муайян кардани асос барои ҳамкориҳои байни донишгоҳҳо нигаронида шудааст ва ҳамзамон ба афзоиши шумора ва сифати мубодилаи донишҷӯён ва кормандон тавассути роҳ додан ба муассисаҳо имконият медиҳад, ки бо таҷрибаҳои пешқадам дар самти идоракунии лоиҳаҳои мубодила, омодагии донишҷӯён барои сафарбарӣ / мубодила, инчунин эътироф / санҷиши натиҷаҳои таҳсил дар давоми мубодила, шинос шаванд.

БК4.
Тадбирҳои инфрасохтор

БК4. Тадбирҳои инфрасохтор

  • Таъмини воситаҳои техникӣ барои самаранок идоракунӣ ва маъмурии фаъолиятoи ҳамарӯзаи ШРБ дар ҳар як кишвари ҳамкор;
  • Таъмини таҷҳизот барои алоқаи байналмилалӣ ва таҳияи вебсайт;
  • Мусоидат ба муоширати муассир байни Консорсиум ва аъзои ояндаи шабака.
 

Бо мақсади таъмини саривақтии таҷҳизот ва истифодаи он барои мақсадҳои лоиҳа, харид ва насбкунӣ ҳарчи зудтари тачҳизотҳо ҳангоми татбиқи лоиҳа ба назар гирифта мешавад. Барои роҳ надодан ба мушкилот дар насби таҷҳизоти видеоконфронс, як мутахассиси IT аз Донишгоҳи Севиля ба ҳар як донишгоҳи КШ ҳангоми насбкунӣ ва дар ҳолати пайдо шудани муаммо кӯмаки техникӣ мерасонад.

Таъсиси системаи мубодилаи китобхонаҳо роҳи самаранок ва камхарҷӣ озодона ба даст овардани сарчашмаҳои тадқиқотӣ ва маҳзани маълумоти миллӣ ва байналмилалӣ мебошад. Ин рушди сомонаи интернет ва хизматрасонии оддии онлайнро дар бар мегирад.

Модели ба он монанд дар Донишгоҳи Севиля аллакай истифода бурда шудааст, ки он на танҳо аз ҷониби кормандони ШРБ, балки аз ҷониби тадқиқотчиён, омӯзгорон ва донишҷӯён, алахусус барои мақсадҳои тадқиқот ва барқарор кардани робитаҳои байналмилалӣ истифода бурда мешавад.

БК6.
Арзёбӣ ва кафолати сифат

Арзёбӣ ва кафолати сифат (E&QA) қисми ҷудонашавандаи лоиҳа буда, барои таъмини кафолати бо роҳҳои самараноктарин ба ҳадафҳо расидан ва мувофиқ будани натиҷаҳо ва арзёбии таъсири лоиҳа ба гуруҳҳои мухталифи мақсаднок нигаронида шудааст.

Ин тавассути равон кардани таваҷҷуҳ аз ҷониби E&QA ба ду ченаки асосӣ анҷом дода мешавад. Аз як тараф, БК6 ба таъмини назорат, аз ҷумла тавассути истифодаи усули мониторинг, кафолати иҷрои дурусти супоришҳо ва вазифаҳои лоиҳа, муқаррар кардани тартибот барои таъхири рушди натиҷаҳо ва ё иҷрои номатлуби кор аз ҷониби шарик равона карда шудааст (ҳамин тариқ, дастгирии идоракунии лоиҳа ва ҳамоҳангсозӣ амалӣ карда мешавад).

Аз тарафи дигар, БК6 инчунин ба баҳодиҳии лоиҳа, ки ба самаранокии чорабиниҳои лоиҳаро дар самти ба даст овардани ҳадафҳои лоиҳа таъмин менамояд, бо назардошти таваҷҷӯҳ ба мақсадҳо, натиҷаҳо ва таъсиррасонӣ ба амалисозии чорабиниҳои лоиҳа, инчунин омилҳои калидии барои иҷрои лоиҳа таъсиркунанда, равона карда шудааст

Аз ин рӯ, Нақшаи сифати лоиҳа аз маҷмӯи воситаҳо ва чорабиниҳое иборат хоҳад буд, ки дар тӯли тамоми давраи амалисозии он татбиқ карда мешаванд.

БК5.
Шабакаи байниминтақавӣ барои байналмилалигардонӣ ва ҳамкорӣ

Таъсиси шабакаи байниминтақавӣ барои байналмилалигардонӣ ва ҳамкории донишгоҳҳо яке аз ҳадафҳои пешбари ин пешниҳод мебошад. Шабака бояд ҳамчун замина барои муколамаи бисёрҷонибаи минтақавӣ, байниминтақавӣ ва байналмилалӣ бораи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва интиқоли дониш дар соҳаи таҳсилоти олӣ хизмат кунад, инчунин барои дарёфт намудани ҳамҷоягӣ байни аъзоён ва таҳкими робитаҳо имконият фароҳам орад.

Таъсиси шабака дар оғози лоиҳа бо таърифи умумии ҳадаф ва сиёсати узвияти он оғоз меёбад. Ҳамчунин дар назар аст, ки котиботи доимии шабака таъсис дода шавад. Дар ҳоле ки таъсиси Шабака ва рушди он пас аз татбиқи лоиҳа пайдо мешавад, соли сеюми лоиҳа бо тасдиқи расмии сохтор, сиёсати узвият ва стратегияи маблағгузорӣ ба итмом мерасад.

Ғайр аз он, БК татбиқи чорабиниҳои шабакавиро дар доираи се конфронси байналмилалӣ ба нақша гирифтааст:

  1. Конфронси муштарак дар Хуҷанд (ТҶК): Сиёсатҳо ва стратегияҳои байналмилалигардонӣ дар МТОК (M17). Ин имконият фароҳам меорад, ки ҳадафҳо ва дастовардҳои лоиҳаро то имрӯз ба таваҷӯҳи доираи васеи шунавандагон пешкаш намояд ва инчунин ба мубоҳисаи байналмилалӣ дар бораи сиёсат ва стратегияҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат кунад.
  2. Конфронси муштарак дар Сиан (ЧИН) оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таълим / омӯзиш / тадқиқот (M26): Ин имконият медиҳад, ки муҳокимаи натиҷаҳои таҳқиқи потенсиали ҳамкориҳои байналмиллалӣ ва паҳн кардани китобҳо / дастурҳои пешқадами таҷрибаҳои беҳтарини байналмилалӣ барои байналмилалӣ ҳамкорӣ агар Т / О / Т барраси карда шавад.
  3. 3. Конфронси хотимавӣ дар Тошканд (ӮЗБ – M35). Конфронси хотимавӣ марҳилаи муаррифии шабака ва дастовардҳои лоиҳаро фароҳам меорад, мусоҳиба дар бораи чорабиниҳои оянда дар доираи шабака ва имзои меморандуми расмӣ байни донишгоҳҳои ширкаткунанда дар мавриди ба назар гирифтани ҳамкориҳои дарозмуддат дар доираи шабака гузаронида мешавад.
 

Яке аз ҷаласаҳои мушаххас оид ба “Эрасмус+: Имкониятҳо барои МТОК ва дигар шахсони ҳавасманд аз Осиёи Миёна” дар ҳар се чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст. Ин ҷаласаҳо аз ҷониби коршиноси беруна гузаронида мешаванд. Ин БК аз ҷониби Донишгоҳи технологияҳои информатсионии ш. Тошканд ҳамоҳангсозӣ гардида бо иштироки ҳамаи шарикон барпо мегардад.

БК7.
Паҳнкунӣ

Барои кафолат додани иқтидори баланди афзункуни ва паҳнкуии натиҷаҳои лоиҳа дар сатҳи донишгоҳӣ, миллӣ ва байналмилалӣ, чорабиниҳои марбут ба паҳнкунӣ як қисми ҷудонашавандаи лоиҳа буда, он аз сароғози лоиҳа ба роҳ монда мешавад. Лоиҳа якчанд чорабиниҳои марбут ба инкишофи бархурдоргардониро ҳам дар сатҳи дохилӣ (дар сатҳи муассисаи ҷалбшуда) ва ҳам дар беруна (ҳам дар сатҳҳои миллӣ дар КҲ ва ҳам байналмиллалӣ) пешбинӣ мекунад.

Диққати махсус барои чорабиниҳои оид ба паҳнкунии дар сатҳи миллии КҲ, барои таъмини таъсиррасонии лоиҳа берун аз доираи муассисаҳои мустақиман ба лоиҳа ҷалбшуда. Дар робита ба ин ва бо дарназардошти хусусияти махсуси лоиҳа, қисми назарраси чорабиниҳо дар доираи БКи Рушд ва Устуворӣ муттаҳид карда шудааст (масалан, чорабиниҳои шабакавӣ ва конфронсҳо, якчанд мизи мудавварҳои сатҳи миллӣ).

Инчунин, дар лоиҳа пешбинӣ карда шудааст:

  • Таҳия ва татбиқи маводҳои васеи маркетингии лоиҳа ва чорабиниҳо оид ба инкишофи бархурдоркунӣ;
  • Паҳнкунии натиҷаҳои лоиҳа тариқи воситаҳои электронӣ (саҳифаи хонагии лоиҳа, бюллетенҳои электронӣ, минтақаи боргирӣ (download) натиҷаҳои лоиҳа);
  • Чорабиниҳои иттилоотии дохилӣ/муассисавӣ барои пешбурди хизматҳои ШРБ, таъмини дастгирии муассисавӣ, паҳнкунии иттилоот дар бораи лоиҳа ва имкон додан барои интишори донишҳо/таҷрибаҳои дар рафти тренингҳо омӯхташуда ба ҷомеаи МТОК;
  • Ташкили Конвенсияи донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ ва Хитой.
 

Илова бар он, шарикони лоиҳа аз ҳама гуна имкониятҳо барои баланд бардоштани сатҳи бархурдорӣ оид ба лоиҳа ва шабакаи банақшагирифташуда тавассути тамосҳо ва воситаҳои паҳнкунии худ истифода мебаранд (яъне тавассути узвият дар шабакаҳо/созмонҳои байналмилалӣ ва созмонҳои касбӣ, ҳангоми ташкил ё иштирок дар конфронсҳо / вохӯриҳо / чорабиниҳои “ҷониб-сеюм”, тариқи пресс-релиз дар ВАО, маҷаллаҳои академӣ, бюллетенҳои муассисавӣ)

БК8.
Устуворӣ

БК8 ба чорабиниҳое, ки дарозмӯҳлат будани натиҷаҳои лоиҳаро таъмин менамояд нигаронида шудааст. Новобаста аз он, ки як қатор чорабиниҳои таъминкунандаи устуворӣ дар Паҳнкунӣ ва Рушд баҳам оварда шудаанд, чорабиниҳои устуворӣ ва баҳрабардоии минбаъда ба нақша гирифта шудаанд, аз ҷумла:

  • Ташкил намудани мизҳои мудаввар дар КШ, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи бархурдорӣ ва паҳнкунии натиҷаҳои лоиҳа, инчунин мусоидаткунӣ ба таъсири васеътари чорабиниҳо дар сатҳи миллӣ. Дар фарқият аз Конфронсҳои байналмиллалии Шабака, ин чорабиниҳо ҷомеаи академии миллӣ нигаронида шуда, минбаъд ҳамчун василае барои дастгирии ва мубоҳисаи ҷомеа хизмат мекунад ва ба ҷалби МТОКи дигар/ҷониби сеюмро ба фаъолияти лоиҳа мусоидат хоҳад кард.
  • Муаррифии ниҳоии Нақшаҳои стратегии институтсионалӣ оид ба Интернационализатсия ва Ҳамкориҳои байниминтақавӣ дар ҳар як муассиса – ҳамчун воситаи ногузир барои татбиқи институтсионалии стратегияҳо ва тавсияҳои таҳияшуда ва ё ворид намудани тағйирот дар ҳолати пайдо шудани зарурат ба он.
  • Тасдиқи расмии сохторҳои таъсисдодашудаи робитаҳои байналмиллалӣ – бо мақсади таъмин намудани хидматрасонии дарозмуддати сохторҳои сохташуда ва ҳамкории институтсионалии онҳо байни донишгоҳҳои КШ.
  • Ба имзо расонидани созишнома оид ба хизматрасонии дарозмуддат, фаъолият, маблағгузорӣ ва узвияти шабака.
  • Таҳия ва ба имзо расонидани созишномаҳои ҳамкорӣ байни шарикон

Донишгоҳҳо бо мақсади нигоҳдории пойдории шарикӣ, ки дар доираи лоиҳа таъсис ёфтааст, барои идомаи ҳамкориҳо/мубодилаи дар доираи лоиҳа оғозёфта ва дастгирии рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ замина мегузоранд.

БК9.
Идоракнии лоиҳа

Вазифаи БК9 ин таъмин намудани иҷрокунии муттасилона, стратегӣ ва амалиётии лоиҳа, тавассути татбиқи чораҳои зерин мебошад. Назорати стратегии татбиқи лоиҳа ва қабули қарорҳои ба ин дахлдор аз ҷониби Кумитаи роҳбарӣ (КР), дар якҷоягӣ бо 1 намоянда аз ҳар як шарики лоиҳа амали гардонида мешавад. КР барои ба амал овардани сиёсати лоиҳа, қабули қарорҳои стратегӣ оид ба татбиқи лоиҳа, баррасиҳои миёнмуҳлат ва коркарди тавсияҳо ва арзёбиҳо, банақшагирии прогрессивӣ ва ислоҳкунии эҳтимолӣ уҳдадор аст. Қарорҳо тавассути ҷонибдории оддии аксарият қабул карда мешаванд. Дар ҳолати ба вуҷуд омадани норозигӣ, ҳамоҳангсоз бо назардошти тавсияи EACEA роҳи демократии баррасии баҳсҳоро пешниҳод менамояд.

Дар сатҳи идоракунии амалиётии лоиҳа, ҳар як шарик 1 лоиҳаро таъин менамояд. Илова бар ин, барои иҷрои муттасилонаи лоиҳа дар КШ “ҳамоҳангсози маҳаллии лоиҳа” таъин карда мешавад.

Ҳамоҳангсоз (ДС) барои идоракунии маъмурии лоиҳа, аз ҷумла ҳамоҳангсозии ҳисоботдиҳӣ, иҷрои буҷет ва робита бо EACEA масъул аст. Шарикони лоиҳа мунтазам оид ба рафти иҷрои чорабиниҳо ба ҳамоҳангсози лоиҳа ҳисобот медиҳанд.

Барои таъмини робитаи самаранок байни шарикон, сомонаи лоиҳа интранетеро, ки дорои хусусиятҳои иловагии равобитӣ, ба монанди функсияи хотиррасонкунандаи муҳлатҳои муқарраргардидаи ҷаласаҳоро дорост, дарбар мегирад.

Инчунин, усулҳои хоси банақшагирӣ/назорат бо истифода аз банақшагирии миқёсӣ татбиқ карда мешавад (дар 1 ҳафта, дар 1 моҳ ва дар 6 моҳ). Ҷаласаҳои доимии ҳайъати идоракунӣ илова бар ҷаласаҳои SC тариқи виртуалӣ (бо иштироки 4 нафар) ташкил карда мешаванд. Бо назардошти таъмини самаранокии иқтисодӣ вақти баргузоркунии ҷаласаҳои SC бо дигар чорабиниҳои лоиҳа (аз ҷумла, Конфронси байналхалқии шабакавӣ БК5) дар як вақт ба роҳ монда мешаванд. Масъалаҳои марбут ба идоракунии лоиҳа, инчунин дар ҳар як вохӯриҳо дар доираи фаъолияти асосии лоиҳа баррасӣ карда мешаванд. Ҳамоҳангсози лоиҳа дар ҷаласаи 1-уми солона, ки дар Брюсел аз ҷониби EACEA ташкил карда мешавад, иштирок менамояд. Дар соли аввал намояндаи INCOMA низ, ба ҳайси ҳамоҳангсоз оид ба таъмини сифат иштирок менамояд.